Рӯзи қабули шаҳрвандон дар суди шаҳри Истаравшан

Санаи 1 ноябри соли 2025 дар бинои суди шаҳри Истаравшан қабули шаҳрвандон бо иштироки муовини раиси суди вилояти Суғд Раҳматиллозода М. ва ҳайати роҳбарикунандаи суди шаҳри Истаравшан баргузор гардид.

Зимни қабули шаҳрвандон ба арзу дархостҳо ва саволҳои муроҷиаткунандагон ҷавобҳои мушаххасу асоснок пешниҳод гардида, барои баррасии қонунӣ ва саривақтии масъалаҳои ба миёнгузошташуда дастурҳои зарурӣ дода шуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки баргузории чунин қабули шаҳрвандон ҷиҳати таҳкими робитаи суд бо ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи ҳуқуқогоҳии шаҳрвандон ва таъмин намудани адолати судӣ мусоидат менамояд.