Таҷлили рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди шаҳри Истаравшан

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди шаҳри Истаравшан чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ муовини раиси суди вилояти Суғд Раҳматиллозода М, роҳбарият ва кормандони суди шаҳр, иштирок намуданд.

Дар оғози ҳамоиш Раиси суди шаҳри Истаравшан Муродализода Суҳроб  баромад намуда, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун санади асосӣ ва рамзи давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва иҷтимоии тоҷикон арзёбӣ намуданд. Зикр гардид, ки маҳз бо қабули Конститутсия пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфта, барои рушди минбаъдаи соҳаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии кишвар заминаи устувор гузошта шудааст.

Муовини раиси суди вилояти Суғд Раҳматиллозода М. дар баромади худ таъкид намуданд, ки:

“Эҳтиром ба Конститутсия ва риояи қонунҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Кормандони соҳаи суд бояд намунаи волои адолатпарварӣ ва қонунмандӣ бошанд.”