Таҷлили «Рӯзи кормандони мақомоти судӣ» дар шаҳри Истаравшан

Дар толори суди шаҳри Истаравшан ба муносибати «Рӯзи кормандони мақомоти судӣ» бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомади тантанавиро раиси суди шаҳри Истаравшан Суҳроб Муродализода ҳусни ифтитоҳ намуд.

Сипас, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода кулли кормандони мақомоти суди шаҳрро бо иди касбиашон табрик намуд.

Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди низоми судии кишвар ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат бобати таҳким бахшидан ба фаъолияти ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар иҷрои ҳамаҷонибаи вазифаҳои конститутсионии худ, такмил ва тақвияти сохтори судӣ, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин мукаммал намудани қонунҳо дар ин самт чораҳои дахлдор андешида шуда истодааст.

Дар идома ба якчанд нафар аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.