Идораи нақлиёт дар ҳолати сархушӣ ва оқибати он

Аз мурофиаи судӣ

Кормандони шуъбачаи БДА-и ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан барои таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт шабонарӯзӣ фаъолият доранд. Аз ҷониби кормандони ин ниҳод махсусан барои пешгирии қоидавайронкунӣ, ки хавфи сар задани садамаро зиёд мекунанд, самаранок корбарӣ карда мешавад. Новобаста ба ин шаҳрвандон – ронандагоне низ ҳастанд, ки ба ҚҲР риоя накарда, ҳатто сархуш ба сари чанбарак менишинанд, ки оқибати нохуш дорад. Чунин кирдорро рӯзи 4 майи соли 2023 ронанда Насриддинов Фаридун Шуҳратович содир намуда, аз тарафи кормандони БДА ба қайд гирифта шуд ва Суди шаҳрӣ нисбаташ тибқи қонун ҷазо таъин кард.

Насриддинов Ф. Ш. воситаи нақлиёти тамғаи «Хонда CR V», рақами қайди давлатиаш 22-22 ZE\02-ро дар роҳи автомобилгарди хиёбони Истиқлоли шаҳр дар ҳолати мастӣ идора намуда, талаботи банди 12/Б-и ҚҲР-ро вайрон намудааст. Нисбаташ бо қарори сардори ШБДА ШВКД-и ҶТ дар шаҳри Истаравшан тибқи моддаи 332 ҚҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, мавод дар мурофиаи судӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар асоси маводи омодашуда ва омӯзиши ҳаматарафаи парванда, аз ҷумла хулосаи ташхиси тиббии наркологӣ, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштани ронандаро муайян кардааст, Насриддинов Фаридун Шуҳратович бо моддаи 332-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ бо қарори суд ҷазои ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати 5 сол таъин карда шуд.

Дилмуродзода З.

судяи суди шаҳри Истаравшан

Аз рўзномаи Паёми Истаравшан

таҳти №16 аз 9-июни соли 2023