Баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар маҷлиси сайёри судӣ
Санаи 14 апрели соли 2026 дар КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар дар шаҳри Истаравшан аз ҷониби судяи суди шаҳри Истаравшан Юнусзода Ф.В. парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Самадов И.Р. бо моддаи 656 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни баррасӣ ба масъалаи ғайриқонунӣ гирифтани подош таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ба кормандон вобаста ба ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузорӣ тавзеҳоти зарурии ҳуқуқӣ дода шуд.
Ҳамзамон, бо мақсади пешгирии қонуншиканиҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, суҳбати фаҳмондадиҳӣ баргузор гардида, аҳамияти риояи қонун ва роҳ надодан ба амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ таъкид карда шуд.
Дар анҷом иштирокдорон ба эҳтироми қонун, масъулиятшиносӣ ва иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои хизматӣ даъват гардиданд.

Суди шаҳри Истаравшан 