Таҷлили Рӯзи Модар дар суди шаҳри Истаравшан

Дар толори суди шаҳри Истаравшан бахшида ба Рӯзи Модар  чорабинии тантанави баргузор гардида  аз ҷониби баромадкунандаҳо оид ба нақши зан-модар дар ҷомеа, саҳми арзандаи бонувон дар рушди давлатдорӣ ва фаъолияти содиқонаи онҳо дар соҳаҳои гуногун таъкид карда шуд. Ҳамчунин ҷиҳати қадрдонӣ ба  бонувони суди шаҳри Истаравшан туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.