ХУДСАРОНА ИШҒОЛ НАМУДАНИ ҚИТЪАИ ЗАМИН ВА СОХТМОНИ ХУДСАРОНА ДАР ОН ҶИНОЯТ АСТ!
Тибқи муқаррароти моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон замин, сарватҳои зеризамини, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Мутобиқи муқаррароти моддаи 338 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолнамуда, новобаста аз татбиқи ҷазои маъмурӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбини шуда барои ин кирдор қонунгузор ҷазоҳоро дар намуди ҷарима ба андозаи аз 28470 (бисту ҳашт ҳазору чорсаду ҳафтод) сомонӣ то 71136 (ҳафтоду як ҳазору яксаду сию шаш) сомонӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол муқаррар кардааст.
Таҷрибаи судӣ нишон дод, ки вақтҳои охир аз ҷониби сокинони шаҳри Истаравшан бе асосҳои қонунӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он машғул гашта истодаанд, ки дар натиҷа ба ҷиноят оварда расонида таҳти ҷавобгарии ҷиноятӣ қарор гирифта истодаанд. Шаҳрванд (У.) давоми моҳи июни соли 2023 бар хилофи талаботи моддаи 26 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тартиби додан ва вобастакунии қитъаи замин барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзиро пешбини намудааст, амал намуда бидуни ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда масоҳати 500 метри мураббаъ қитъаи замини маьалли аҳолинишини шаҳри Истаравшан, ки мувофиқи харитаи баҳисобгирии давлатии заминҳои хоҷагии давлатии (Л.) соли 2001 дар қисми тарҳи №8 ҷойгир мебошад худсарона ишғол намуда дар ин қитъаи замини худсарона ишғолнамудааш, худсарона бо масоҳати 175 метри мураббаъ бо таҳкурсии бетони сохтмони бинои манзили истиқоматиро бунёд намуда бо ин кирдораш ба манфиати ҳифзшудаи давлат дар қисми таъмини истифодабарии мақсадноки заминҳо зарари ҷиддӣ расонидааст. Барои ин кирдораш шаҳрванд (Ӯ.) бо ҳукми суди шаҳри Истаравшан бо моддаи 338 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум гардида нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 24820 (бисту чор ҳазору ҳаштсаду бист) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.
Муовини якуми раиси
суди шаҳри Истаравшан: Абдусаломзода А
Суди шаҳри Истаравшан 