БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД

Аз толори суд

19 октябри соли 2020 суди шаҳри Истаравшан парвандаи ҷиноятии Файзалиев Файзалиро баррасӣ намуд. Файзуллоев (таваллудаш 1993) зодаи шаҳри Кўлоб буда, дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 200 қисми 3 (бандҳои в,г), яъне қасдан даст задан ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор бо мақсади ба соҳибияти каси дигар, аз ҷониби гурўҳи ашхос, бо маслиҳати пешакӣ ва ба миқдори калон гумонбар шуда буд.

Дар натиҷаи малиё ти оперативи ҷустуҷуи аз тарафи кормандони ШВКД ҶТ дар шаҳри Истаравшан миёнаҳои моҳи июни соли 2020 ҳаммаслакони Файзали Файзуллоев-Хуршед  Давлатов ва Ислом Асозода бо гумони муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Дастгиршудагон дар нишондоди худ Файзуллоевро низ гунаҳкор донистаанд. Аммо Файзуллоев ба даъвати кормандони милитсия беэътинои зоҳир намуда, як муддат аз ҷавобгари саркаши намудааст. Танҳо 8-сентябр ў ихтиёран ба ШВКД ҶТ дар шаҳри Истаравшан ҳозир шуда, ба гуноҳҳои худ иқрор гардидааст.

Дар натиҷаи амалиёти оперативи ҷустуҷуӣ аз ҷинояткорон дар маҷмўъ 885-грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш мусодира гардидааст.

Гарчанде Файзуллоев дар суд ба содир намудани ҷиноят худро қисман айбдор ҳисобид, бо далелҳои муътамад гуноҳи ў собит гардид. Суди шаҳри Истаравшан ба Файзуллоев Ф. маҳруми аз озодӣ ба муҳлати        8-солу 6-моҳ бо адои ҷазо дар колонияи низомаш пурзўрро таъин кард.

 

Муовини раиси суди шаҳри Истаравшан
Ғанизода Ф.

Аз рўзномаи Паёми Истаравшан  таҳти №2 (9417)  аз 18 январи соли 2021