Оқибати саркашӣ

Аз мурофиаи судӣ

Мутобиқи қисмҳои 1 ва 3 моддаи 80 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон падару модар вазифадоранд, ки фарзандони ноболиғи худро таъмин намоянд. Агар падару модар фарзандони худро таъмин накунанд, маблағ барои таъминоти онҳо (алимент) аз падару модар тиқби тартиботи муқаррарнамудаи судӣ ситонида мешаванд.
Таҷрибаи судӣ нишон дод, ки вақтҳои охир аксари падару модарон аз пардохти алимент барои таъминоти фарзандони ноболиғашон барқасдона саркашӣ менамоянд, ки дар натиҷа паси панҷара қарор мегиранд.
Шералӣ Ашӯров бо ҳалномаи Суди шаҳри Истаравшан аз 18 ноябри соли 2015 уҳдадор гаштааст, ки ҳар моҳ ба манфиати Сарвиноз Ашӯрова барои таъминоти як нафар фарзанди ноболиғаш Ашӯров Дадахон Шералиевич (санаи таваллудаш 30.06.2014) тариқи устувор ба андозаи 100 сомонӣ алимент пардозад. Вале Шералӣ Ашӯров барқасдона аз пардохти алимент саркашӣ намудааст, ки дар натиҷа аз моҳи сентябри соли 2020 то моҳи июли соли 2022 дар маҷмӯъ, барои бисту ду моҳ ду ҳазору дусад сомониро ташкил медиҳад.
Барои ин кирдор Шералӣ Ашӯров бо ҳукми суди шаҳри Истаравшан аз 17 октябри соли 2022 бо моддаи 177 қисми 1 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум гардида, нисбаташ дар асоси қисмҳои 1, 2 ва 6 моддаи 67 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо, ки бо ҳукми Суди шаҳри Исфара аз 22.04.2022 бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «а, в»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст, ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати се солу ду моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои дорои низомаш умумӣ таъин карда шуд.

 

А. Абдусаломзода,
муовини якуми раиси
Суди шаҳри Истаравшан