Баргузории ҷаласаи муштараки сохторҳои дахлдори шаҳри Истаравшан оид ба татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон”, пешгирии ҷинояткорӣ марбут ба ифротагароӣ ва терроризм, пешгирии исрофкорӣ ва зиёдаравӣ дар баргузории тую маросимҳо.
17 феврали соли 2026 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи муштараки сохторҳои дахлдори шаҳри Истаравшан оид ба татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон”, пешгирии ҷинояткорӣ марбут ба ифротагароӣ ва терроризм, пешгирии исрофкорӣ ва зиёдаравӣ дар баргузории тую маросимҳо баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ, прокурори шаҳри Истаравшан, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Бобоҷонзода Файзулло, раиси Суди шаҳри Истаравшан Муродализода Сӯҳроб, сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан, полковник Маҳмадризо Ҷамшед, сардори шуъбаи шаҳри Истаравшании Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, полковник Яраҳматов Фаррух, сардори шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гуруҳи ноҳияҳои Истаравшан, майор Ҳоҷизода Мирбақо, инчунин муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот ва кумитаи маҳаллаҳо, аъзоёни комиссия доимӣ танзими ҷашну маросим, комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон, директорони муассисаҳои таълимӣ ва имомхатибон иштирок намуданд.
Дар идома раиси Суди шаҳри Истаравшан Муродализода Сӯҳроб баромад намуда, оид ба сиёсати Ҳукумати кишвар дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон баромад намуда, паҳлуҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати тартиби гузаронидани ҷашни маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таасуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисоди мардуми Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дод.


Суди шаҳри Истаравшан 