Таҷлили бошукуҳи рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди шаҳри Истаравшан

Имрӯз, яъне санаи 06 сентябри соли 2025 дар суди шаҳри Истаравшан бо иштироки роҳбарият ва ҳамаи кормандони суд маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин маҷлис муовини якуми раиси суд Абдусаломзода  Абдуҳаёт, ёрдамчии раиси суд Маруфзода Фурқат ва котиби маҷлиси судӣ Аҳрорзода Рухшона дар бораи дастовардҳои давраи Истиқлолият ва хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ ва баромадҳо намуда ҳамаи кормандонро ба муносибати ин Иди бошукӯҳи кишвари азизамон табрик намуданд. Дар охир роҳбарияти суд аз ҳаммаи кормандон даъват ба амал оварданд, ки ба қадри неъматҳои Истиқлолияти давлатӣ азизамон расида онро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва барои ободу зебо гардонидани он боз ҳам кӯшиш намоем.

        

Котиби маҷлиси судӣ Султонзода А.Р.