Иштироки раиси суди шаҳри Истаравшан Муродализода С. дар чорабинии сиёсӣ бахшида ба гусели наваскарон дар майдони «Парчам»-и шаҳри Истаравшан
Хифзи Ватан, химояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият,
амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи мукаддаси шахрванд аст.
(Модаи 43 Конститутсияи ЧТ)
«Ман ба садоқат ҷасорати касбӣ ва фидокориву матонати
Шумо-фарзандони шуҷои Ватан бовар дорам»
Сарфармондехи Олии Куввахои Мусаллах, Пешвои миллат
Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон
Санаи 01 октябри соли 2025 раиси суди шахри Истаравшан дар чорабинии сиёсӣ, ки бахшида ба гусели наваскарон дар майдони «Парчам»-и шахри Истаравшан баргузор гардид, иштирок намуд. Аз мазмуни баромади иштирокчиёни чорабинии мазкур бармеояд, ки сафи ҷавонони ихтиёран ба Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамроҳшаванда сол то сол зиёд мегардад ва ин нишони баланд гардидани ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллии насли чавон мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки имруз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон ҷавонони баору номуси миллат хизмати Ватан-Модарро ба ҷо оварда, баҳри оромиву осоиштагии марзу бум, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳамеша омадаанд.