ВОХӮРИИ РАИСИ СУД, МУОВИНОНИ РАИСИ СУД, СУДЯҲО ВА ДИГАР КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ СУДИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН Бо ДИРЕКТОРОНИ МУАСИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ, НАМОЯНДАГОНИ КАСБУ КОРИ ГУНОГУН ВА ФАЪОЛОНИ ШАҲР ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН.
Санаи 11 феврали соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан вохурӣ бо директорони муасисаҳои таълимӣ, намояндагони касбу корӣ гуногун ва фаъолони шаҳр баргузор гардид. Дар чорабини Раиси суди шари Истаравшан, муовинони раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи ҳамин суд иштирок намуданд. Ҷамъомадро муовини раиси шахри Истаравшан Муминзода Фирӯза ифтитоҳ, бахшид. Вохурии мазкур дар асоси дастуру супоришхои Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ва роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рохандозӣ гардида, ҳадафи он тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ ва таҳкими фазои солими иҷтимоӣ дар ҷомеа арзёбӣ гардид. Зимни суханрони Раиси суди шаҳри Истаравшан муҳтарам Муродализода Суҳроб доир ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла таълиму тарбияи дурусти насли наврас, таҳкими арзишҳои миллӣ, риояи расму оинҳои миллӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, никоҳи хешутаборӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва муқовимат ба падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ ибрози назар намуданд.
Ҳамзамон муовини якуми раиси суди шаҳри Истаравшан Абдусаломзода А. дар мавзӯи “Паёми Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишавар”, аз ҷониби муовини раиси суди шаҳри Истаравшан Раҳимзода А. дар мавзӯъи “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва шарҳи моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби судяи суди шаҳри Истаравшан Умарзода У. дар мавзӯъи “Пешгирии парокандашавии оила”, аз ҷониби судияи суди шаҳри Истаравшан Юнусзода Ф.В. дар мавзӯъи “Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм”, аз ҷониби судяи суди шаҳри Истаравшан Қаландарзода А.С. дар мавзӯъи “Танзими меъёрҳои қонун вобаста ба истифодаи қувваи барқ” баромадҳо намуда ба саволҳои дода шуда ҷавоби мушаххасро пешниҳод намуданд.






Суди шаҳри Истаравшан 