Баррасии парвандҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар маҷлиси сайёри судӣ

Имрӯз бо мақсади пешгирии кирдорҳои номатлуби ноболиғон ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда дар маҷлиси сайёри судӣ баррасӣ гардид.  Аз чумла, аз ҷониби судяи суди шаҳри Истаравшан Юнусзода Ф.В. 12-адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маьмурӣ дар бинои Ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шахри Истарвшан бо иштироки васеъи волидон ва кормандони Ҷамоат мавриди баррасӣ қарор гирифта, нисбати ҳуқуқвайронкунадагон ҷазои сазовор ба кирдорашон таъин карда шуд. Баргузор гардидани мурофиахои сайёри судӣ ҷиҳати пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкунии маьмурӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат хохад кард.