БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ГУЛИ СУРХИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН
21 феврали соли 2026 дар толори ҷамоати деҳоти Гули сурхи шаҳри Истаравшан ҷаласаи корӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ва терроризм ва экстремизм ҳамчун падидаи номатлуби иҷтимоӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа Судияи суди вилояти Суғд Бобоҷонзода Бахтиёр, Судияи суди Вилояти Суғд Раҷабзода Муродҷон, муовини якуми раиси суди шаҳри Истаравшан Абдусаломзода Абдуҳаёт, раиси ҷамоати деҳоти Гули Сурх Некруз Юсуфҷонов инчунин кормандони ҷамоати деҳот, раисони кумитаи маҳаллаҳо, имомхатибон ва фаъолон иштирок намуданд. Ҷаласаро Раиси Ҷамоати деҳоти Гули сурх Некруз Юсуфҷонов оғоз намуда, ба ҳозирин мақсади баргузории онро шарҳ дод. Сипас, Судияи суди вилояти Суғд Раҷабзода Муродҷон, Бобоҷонзода Бахтиёр ва муовини якуми раиси суди шаҳри Истаравшан Абдусаломзода Абдуҳаёт баромад намуда, оид ба нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, терроризм ва экстремизм ҳамчун падидаи номатлуби иҷтимоӣ, танзими ҷашну маросим баракати зиндагӣ маълумот доданд.
Аз ҷумла таъкид гардид, ки Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ арзёбӣ гардида, ифодакунандаи рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат мебошад. Дар Паём Сарвари давлат таъкид намуданд, ки соли 2025 боз як соли таърихӣ ва соли дастовардҳои назаррас барои Тоҷикистон ҳам дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ арзёбӣ мегардад.
Инчунин оид ба паҳлуҳои дигари Паёми Сарвари давлат маълумот дода шуд.


Суди шаҳри Истаравшан 