Баргузори шанбегӣ ва кабудизоркунии гирду атрофи бинои суди шаҳри Истаравшан.

Бо мақсади ободу зебо гардонидани муҳити зист ва беҳдошти ҳолати санитарии гирду атроф, дар бинои  суди шаҳри Истаравшан шанбегӣ ва корҳои кабудизоркунӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Раиси суд, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи ҳамин суд фаъолона иштирок намуда, саҳми худро дар тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист гузоштанд.

Зимни баргузории шанбегӣ, ҳудуди атрофи бино тоза карда шуда, корҳои сабзазоркунӣ, аз ҷумла шинонидани ниҳолҳо ва гулҳо ба роҳ монда шуд.

Чунин иқдомҳо дар самти беҳтар намудани муҳити зист ва баланд бардоштани фарҳанги экологӣ мусоидат менамоянд.