«Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ»

Санаи 17 майи соли 2026 дар шаҳри Истаравшан чорабинии оммавии варзишӣ таҳти унвони «Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ»  баргузор гардид, ки  дар он Раиси суди шаҳри Истаравшан, муовинони раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи ҳамин суд ширкат варзиданд.

Чорабинӣ дар фазои дустиву ҳамдигарфаҳми доир шуда, иштирокчиён ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш фаъолона иштирок намуданд. Бояд қайд намуд, ки таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ба рушди соҳаи варзиш барои таҳкими саломатии ҷомеа, тарбияи ҷавонон ва боло бурдани ҳисси ватандустӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

2