БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗАРҲАЛОЛИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН
21 феврали соли 2026 дар толори ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан ҷаласаи корӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” , “Танзими меъёрҳои қонун вобаста ба истифодаи қувваи барқ”, «терроризм ва экстремизм ҳамчун падидаи номатлуби иҷтимоӣ» баргузор гардид.
Дар ҷаласа Судияи суди вилояти Суғд Бобоҷонзода Бахтиёр, Судияи суди Вилояти Суғд Раҷабзода Муродҷон, муовини якуми раиси суди шаҳри Истаравшан Абдусаломзода Абдуҳаёт, инчунин кормандони ҷамоати деҳот, раисони кумитаи маҳаллаҳо, имомхатибон ва фаъолон иштирок намуданданд. Дар давоми ҷаласа Судияи суди вилояти Суғд Раҷабзода Муродҷон, Бобоҷонзода Бахтиёр ва муовини якуми раиси суди шаҳри Истаравшан Абдусаломзода Абдуҳаёт баромад намуда, оид ба нуқтаҳои асосии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” , “Танзими меъёрҳои қонун вобаста ба истифодаи қувваи барқ”, «терроризм ва экстремизм ҳамчун падидаи номатлуби иҷтимоӣ» маълумот доданд.

Суди шаҳри Истаравшан 