Нишасти матбуотӣ

Нишасти матбуотӣ
Санаи 30 апрели соли 2019 дар суди шаҳри Истаравшан вобаста ба натиҷабардорӣ аз фаъолияти суди шаҳр дар давраи се моҳи аввали соли 2019 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳи суди шаҳри Истаравшан иштирок намуданд.
Дар оғози нишасти матбуотӣ аз ҷониби раиси суди шаҳри Истаравшан Ваҳҳобзода Содиқҷон доир ба натиҷаи фаъолияти суд дар се моҳи аввали соли 2019 бо таври мухтасар ба намояндагони воситаи ахбори омма ахборот пешниҳод карда шуд.
Аз ҷумла қайд гардид, ки аз ҷониби суди шаҳри Истаравшан дар ин давра 149 адад парвандаҳои гражданӣ, 248 адад парвандаҳои оилавӣ, 63 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 335 адад парвадаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 88 адад дархосту пешниҳодҳои сохтору мақомотҳои дахлдор баррасӣ гардиданд, ки дар маҷмӯъ шумораи умумии парвандаҳои баррасигардида 883 ададро ташкил медиҳад.
Вобаста ба риоя накардани қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар се моҳаи аввал 3-адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардида, нисбати 3 нафар ҷазо дар намуди ҷарима таъин гардида, ба андозаи 9250 сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шудааст.
Парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки аз ҷониби суди шаҳри Истаравшан баррасӣ гардидаанд, ба 70 адад расида, нисбати 68 нафар қарор бароварда шуда, нисбати 42 нафар ҷазо дар намуди огоҳӣ, ба 26 нафар ҷазо дар намуди ҷарима татбиқ карда шуда, 1 парванда дар пешбурди суд қатъ карда шудааст.
Дар давоми 3-моҳи аввали соли 2019 аз ҷониби суди шаҳри Истаравшан 352 457 сомонӣ маблағҳои боҷи давлатӣ ва ҷарима рӯёнида шудааст.
Баҳри дар амал татбиқ намудани «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», ки ба баланд бардоштани маърифати дониши ҳуқуқии шаҳрвандон равона шудааст, 64 парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Истаравшан дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ дар телевизиону радио 3 баромад доир намуда, дар рӯзномаю маҷаллаҳо 4 мақола ба нашр расонида, дар ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна, идораҳои ҷамоату деҳотҳо ва кумитаи маҳаллахонаҳо 30 маротиба вохӯрию мулоқотҳо баргузор намуданд.
Бо мақсадӣ ҷалб намудани диқкати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ, мусоидат кардаанд судяҳои суди шаҳри Истаравшан 76 таъинотҳои хусусӣ бароварда, барои чораҷӯи ба мақомоти дахлдор ирсол намудаанд.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди ба роҳ мондани қабули шаҳрвандон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 бармеояд, бевосита аз ҷониби раиси суди шаҳри Истаравшан дар се моҳи аввали соли 2019 31 нафар муроҷиаткунандагон қабул карда шуданд.
Суди шаҳри Истаравшан тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудӣ ва норасогиҳои ҷойдошта кӯшиш намуда, баҳри боз ҳам беҳтар намудани сифат ва самаранокии кор дар ҷодаи ба амал баровардани адолати судӣ таъмини риояи қонун ва санадҳои зериқонунӣ, баррасии саривақтии парвандаҳо, иҷроиши ҳукму ҳалномаҳо ва қарорҳои судӣ тамоми имкониятҳои мавҷударо ба истифода мебарад.

Котиби матбуот
Ёрдамчии раиси
суди шаҳри Истаравшан Маруфзода Ф.Р.