ҶОНСИТОНӢ КОРИ БАНДАГОН НЕСТ

Аз толори суд

Умр атои парвардигор ва гусустани риштаи он низ дар ихтиёри холиқ аст. Ба касе аз бандагон ҳуқуқ дода нашудааст, ки нафари дигарро аз ҳаёт маҳрум кунад. Аммо бархе аз бандагони мо бо фаромўши аз ин нуқта аз рўйи кина ва дар ғояти ситез ба ҷони инсон қасд мекунанд. Воқеъияти ин гуфтаҳо дар тафсилоти   ҳодисаи зерин матраҳ мегардад.

Барот донишгоҳро хатм карда соҳиби маълумоти олӣ гашт. Дар яке аз мактабҳои шаҳр аз фанҳои химияву биология дарс мегуфт. Ҳамааш гўё хуб буд. Аммо саодати оилавӣ насиб нагашт. Ў нахуст риштаи умрашро бо шаҳрванди Ҷумҳурии Ўзбекистон пайваст. Бинобар фарзанд наёфтан онҳо аз ҳам ҷудо шуданд. Дафъаи дигар бо Нигора ном ҳамшаҳриаш оиладор шуда, соҳиби ду фарзанд гардид. Ҳаёт гўё ба як маром даромад. Мутаассифона, бар асари як садамаи нақлиёти дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ҳамсараш Нигора ба ҳалокат расид. Дар ҷустуҷўи бахт барои ин дафъа бо Раъно шиносои пайдо карда бо ў никоҳи расмӣ баст. Раъно ҳамчун фаррош дар муассисаи таълимии маҳалли зист ба кор даромад. Зану шавҳар соли 2020 соҳиби духтараке шуданд. «Акнун якҷоя ҷуфти пир мешудагистанд» умед доштанд наздикону ҳамсоягон. Аммо ҳайҳот…

Байни зану шавҳар сари ҳар гуна масъала баҳсҳо ба миён меомад. Ҳар дафъа шавҳар занро таҳқир намуда, зери лату кўб қарор медод, таҳдид мекард, ки ўро мекушад. Ҳатто маротибае табарро ба дўши зан ниҳодаву гарданашро харошида гуфт: «Ҳоло табар кун даст, онро бурида тез карда меорам». Воқеан, рўзи дигар мард табарро ба бозор бурда, тез карда дар ошхонаи манзили истиқоматӣ гузошт.

11октябри соли 2020, тахминан соатҳои 11-00 Раъно аз ҳамсараш хоҳиш кард, ки кўдаки нотобро ба беморхона барад. Барот ин таклифро рад намуд. Байнашон моҷаро хест. Мард дар ғояти хашм ба таҳқири зан пардохта таҳдид кард, ки ўро бо табар мекушад. Зану шавҳар шабро рўз карданд. Тахминан соатҳои 6-и субҳ зан боз аз шавҳар хоҳиш кард, ки тифлро ба беморхона барад. Бепарвои ва таҳқиру таҳдидҳои шавҳар занро чандон ба хашм овард, ки даст ба ҷиноят зад. Аз тарси он, ки шавҳар таҳдидҳояшро амалӣ накунад, ташаббусро ба даст гирифт.

Раъно ба ошхона рафта бо табари хоҷагӣ мусаллаҳ шуд. Ба ҳуҷраи хоб даромад. Чанд зарбаи бонафрат ба рўю гардани шавҳар фуровард. Мард ба фарш афтода аз дарди ҷонкоҳ фиғон бардошт. Бо мақсади анҷом додани ғарази худ зан 7-маротибаи дигар ба қафаси сина, бозу ва суфраи гўши шавҳар табар зад. Аз ҷароҳатҳои вазнину хунравии зиёд Барот аз ҳуш рафт.

Фарзанди ноболиғ Шоҳруҳ аз доду фиғони падар ба ташвиш омада, сўи ҳуҷраи падар давид. Ин лаҳза бо моиндар, ки аз ошхона берун меомад, рў ба рў шуда пурсид: «Чӣ гап шуд?». «Падаратро бо табар задам!» ҷавоб дод моиндар. Шоҳрух падарро дар ин ҳол дида, ба даҳшат афтод, намедонист, чи кор кунад. Қадре худро ба даст гирифта аввал ба амакаш Шоҳназар занг зад, сипас ба ҳамсояашон Ҷамшед  хабар дод. Ёрии таъҷили даъват карда, якҷоя ҷабрдидаро ба беморхона расониданд. Новобаста аз чораҳои андешида Барот бар асари ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона  ҷон дод.

Суд тақдири ноболиғ Нозия (таваллудаш 27.04.2020)-ро низ мавриди назар қарор дода, барои дар муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оилава кўдак» ҷойгир ва тарбия намудани ў қарор кард.

 

Муовини раиси суди шаҳри Истаравшан
Ғанизода Ф.


Аз рўзномаи Паёми Истаравшан  таҳти №7 (9422)  аз 12 феврали соли 2021