ПАЁМ –БАРНОМАИ АМАЛ

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш, ки 26.01.2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ба роҳбарияти Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ супориш доданд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо, тайёр намудан ва интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд. Баробари ин, сарвари давлат мо, кормандони мақомоти судиро ҷиҳати таъмини амнияти кишвар ва мубориза бо зуҳуроти номатлуб ҳамчун терроризму экстремизм масъул дониста, таъкид доштанд: «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрўза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем».

Инчунин таъкид карданд, ки фаъолияти чунин равияҳо аз омилҳои хатарзо барои имрўзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба Шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд. Дар ин самт ба Прокуратураи генералӣ супориш доданд, ки лоиҳаи навӣ «Стратегияи миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025»-ро таҳия ва баррасии Ҳукумат пешниҳод намоянд.

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки ҳифзи сулҳу суббот ва таъмини амнияту давлату миллат аз масъалаҳоест, ки дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати кишвар қарор дорад. Мо, мардуми шарифи Тоҷикистон, хусусан ҷавонони бонангу номуси кишвар бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Кўшиш намоем, ки бо омўзиши ва ташаббускориву ташкилотчигӣ дар пешравии Тоҷикистони азиз саҳм гузорем.

 

И.в. Раиси суди шаҳри Истаравшан
Муродализода С.

Аз рўзномаи Паёми Истаравшан  таҳти №7 (9422)  аз 12 феврали соли 2021