Табрикоти раиси суди шаҳри Истаравшан Муродализода Суҳроб ба муносибати рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

       

Бо камоли эхтиром ва самимияти афзун Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мардуми шарифи кишвар самимона табрику таҳният гуфта, барояшон саодати рӯзгор, сарбаландию сарфарозӣ ва барору комёбиҳоро таманно менамоям.

24-уми ноябр дар раванди дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии мамлакат ва дар партави сиёсати хирадмандонаи
Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишвар Рузи Парчами давлатиро таҷлил менамоянд.

Элон шудани Рузи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаест фараҳбахш ва таҷлили он дар замири ҳар фарди ватандӯст ва сокинони Тоҷикистони азиз эҳсоси дуст доштан ва гиромӣ доштани ин марзу бумро дучанд менамояд.Чуноне, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рахмон таъкид намудаанд: «Парчами давлатӣ барои тоҷикон нишонаи бакои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад».
Аз ин рӯ муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва уро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими Истиқлоли миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи муқаддасӣ давлатӣ соҳибистиқлоли тоҷикон рисолати таъихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Раиси суди шаҳри Истаравшан Муродализода Суҳроб